67% котибони матбуотӣ мегӯянд, ки журналистон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои умумӣ медиҳанд
Аксар журналистоне, ки дар конфронсҳои матбуотӣ ширкат мекунанд, ба ҷойи саволҳои умда, саволҳои умумӣ медиҳанд. Ин ақидаи 67% роҳбарони хадамоти матбуоти муассисаҳои давлатӣ мебошад, ки дар пурсише, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар семоҳаи дуюми соли 2020 гузаронида шудааст, ширкат варзиданд.
Дар маҷмӯъ, нишастҳои матбуотии 5 сохтори давлатӣ таҳлил карда шуданд: – Суди Олӣ, Кумитаи андоз, Вазорати тандурустӣ, Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ. Дар пурсиш роҳбарони 27 хадамоти матбуот ва тақрибан 90 журналист иштирок карданд.
Тавре ки натиҷаҳои коркарди маълумоти пурсиш нишон доданд, аз 101 саволе, ки дар панҷ нишасти хабарии охир дода шуд, танҳо 56 савол бевосита ба мавзӯъ рабт дошта, бақия 13 савол ба мавзӯи нишасти матбуотӣ иртибот надоштанд ва 32 саволи дигар умумӣ буданд.
Ҳамин тариқ, мо метавонем ба хулосае оем, ки танҳо 60% журналистоне, ки дар панҷ конфронси матбуотӣ ширкат варзиданд, ба онҳо бо омодагӣ омадаанд ё дар бораи фаъолияти ин ё он вазорат тасаввуроти кофӣ доштанд. 40% боқимонда ба нишасти матбуотӣ омода набуданд ва саволҳои умумӣ ва ё берун аз мавзӯи нишасти матбуотӣ доданд.
Агар ба ин масъала аз зовияи дигар нигарем, пас аз руйи фаъолнокии рӯзноманигорон ва сифати саволҳои онҳо дар нишастҳои матбуотӣ, метавон муносибати ин ё он расонаи хабариро ба чунин чорабиниҳо ва дар маҷмӯъ ба иттилоот муайян кард.
Ба касе пӯшида нест, ки дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳоест, ки кори хабарнигоронро мушкил месозад ва нишастҳои матбуотии семоҳа, ки вазорату идораҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунанд, имконияти беназир барои гирифтани посух ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, вақте роҳбарони ВАО рӯзноманигорони ноогоҳ аз мавзуъро ба нишасти матбуотӣ мефиристанд, чунин муносибати онҳо ба имконияти фароҳамоварда боиси тааҷуб мегардад.
Илова бар ин, пурсиш нишон дод, ки 68% журналистон дар ҳама конфронсҳои матбуотӣ, новобаста аз мавзӯъашон, иштирок мекунанд. Оё ин маънои онро дорад, ки мо ин қадар рӯзноманигорони ботаҷриба ва гуногунҷанба дорем ё ин ки баракс дар ВАО –и Тоҷикистон чунин рӯзноманигорон нестанд?
Бо эҳтимоли зиёд сабаби ба амал омадани чунин ҳолат дар он аст, ки на дар ҳама ВАО рӯзноманигороне ҳастанд, ки махсус бо масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ ва муҳоҷират сарукор доранд. Дар акси ҳол, чунин муносибати рузноманигоронро ба шароити фароҳамоварда, метавон чун муносибати ғайрикасбӣ ё хунукназарӣ нисбати рисолати рӯзноманигор арзёбӣ кард.
Пурсиш инчунин нишон дод, ки аксар журналистон ҳангоми ҷустуҷӯи маълумот на ҳамеша ба сарчашмаҳои дахлдор рӯ меоранд. 70% котибони матбуотии пурсидашуда, қайд карданд, ки на ҳама вақт саволҳои журналистон ба сохтор ё вазорате, ки онҳо кор мекунанд дахл доранд. 11% котибони матбуотӣ бар он ақидаанд,ки журналистон дар бораи ниҳоди онҳо маълумоти кофӣ надоранд ва танҳо 19% онҳо касбият ва огоҳии намояндагони ВАО-ро қайд кардаанд.