Гузариш ба пахши рақамӣ дар Молдова ба таъхир афтод

Гузариши пурра ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ дар Молдова барои се моҳ ба таъхир афтода, санаи он аз якуми январ ба якуми майи соли 2020 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи Bloknot – moldova хабар медиҳад.

“Аз ин сана дар Молдова ба куллӣ пахши аналогии мавҷи телевизионӣ қатъ мегардад”, – гуфт зимни мусоҳиба бо сомонаи Bloknot – moldova раиси комиссия парламенти Молдова оид ба фарҳанг, маъориф, пажуиш, корҳои ҷавонон ва варзишу ВАО, Адриан Лебединский.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати иқтисоди кишвар ба Шӯрои телевизион муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки маъаракаи ба аҳолӣ фаҳмонидани зарурияти гузариш ба пахши рақамиро роҳандозӣ кунад. Инчунин Лебединский гуфт, ки шумораи шабакаҳои телевизионии бепул дар мултиплекси иҷтимоӣ аз 15 то ба 18 адад расонида шуд.

Барои дастрас гардонидани телевизиони рақамӣ ба қишри камбизоати аҳолии кишвар, ҳукумати Молдова декодерҳои рақамӣ харида, онро бепул ба онҳо тақсим мекунад.