Бартарии телевизиони рақамӣ дар чист?

Бартарии телевизиони рақамӣ дар чист?

Бартарияти телевизиони рақамӣ ин дарёфти сигнали мунтазами телевизионӣ, дар ҳолате аст, ки сигнали телвизиони аналогӣ наметавонад ба бинанда тасвиру садои босифатро расонад. Илова бар ин, пахши рақамӣ, тасвири возеҳро ҳатто дар шароите, ки сигнали аналогӣ тасвиру садои бесифат мерасонад, ба бинандаҳо таъмин менамояд.  Тасвире, ки бо истифода аз ин навъ интиқол ба даст меояд, дар муқоиса бо телевизиони маъмулии аналог, бедуни дахолат (помехи) ва ҳамчунин равшантар аст, бахусус агар телевизори шумо ҳозиразамон аст ва дорои матритсаи Full HD мебошад.

Илова бар ин, шумо билофосила 10 ё 20 канали телевизионӣ ва радиоиро дарёфт хоҳед кард. Ин ҳама ба он чи, ки истгоҳҳои телевизионии маҳали зисти шумо пахш мекунад, ва шумо чӣ қадар аз онҳо дур ҳастед, вобаста аст. Ҳамаи каналҳои як чандгона (мультиплекс) дар як фреконс, ва на дар даҳ фреконси гунгун, ҳамонтавре ки дар мавриди пахши аналог аст, интиқол меёбад.

Ғайр аз ин, пахши рақамӣ, ин як имконияти интиқоли муҳтавои сифати боло аст. Шумо на ин ки як тасвири стандартии телевизионии 512 хатиро дарёфт мекунед, балки бештар. Мисол стандарти DVB-T2 иҷозат медиҳад то тасвири HDTV то 1080 хат, ва тасвири UHDTV – ро то 4320 хат, ва ҳамчунин як тасвири себуъдиро (3D) бо сифати боло интиқол диҳад.

Илова бар ин, пахш рақамӣ хизматрасониҳои марбут, монанди телетекст, роҳнамои телевизион (телегид) – ро фароҳам мекунад, ки зарурати харидани рӯзнома бо барномаҳои телевизиониро аз байн мебарад. Ҳамчунин шумо метавонед барномаҳои радиои рақамӣ гӯш кунед, аз хизматрасониҳои таъомили (интерактивӣ) монанди итихоби филм, овоздиҳи дар барномаҳои телевизионӣ ва соири хадамоти дигар истифода намоед.

Ҳамчунин ин технология ба аператорҳои мухобиротӣ имконият медиҳад, ки баъзе барномаҳояшро рамзгузорӣ кунад, ва барои дидани ин барномаҳо, ба таври мустақим аз муштариёнаш пул ситонад ва ба муштари имкони тамошои баъзе каналҳои хос, ки ройгон пахш намешавандро медиҳад.