Интиқоли сигнали телевизиони рақамӣ чӣ гуна аст?

Интиқоли сигнали телевизиони рақамӣ чӣ гуна аст?

Импулси аз бурҷи телевизионӣ хурӯҷ гардида, аз рӯи нақшаи адами вуҷуди сигноли (0) ва ҳузӯри сигнали (1) рамзбандӣ мешавад. Аз он ҷо ки ҷарёни пахши сигнал бо истифода аз ду рақам ҷараён мегирад, ин намуди пахши сигнал рақамӣ номида мешавад. Бадин тариқ на танҳо содагии пахши сигнал таъмин мегардад, балки шароити амнияти пахш низ фароҳам мешавад, зеро импулси фиристодашаванда рамзбандӣ шудааст.

 Рамзбандии импулси хуруҷӣ ба мо чӣ медиҳад?

Эҳтимолан муҳимтарин масъала ин аст, ки ҳангоми пахши чунин сигнал, амалан масъалаи вуҷуди дахолат (помеха) аз байн меравад. Гирандаи (DVB приставка ё телевизор) ҳангоми дарёфти як сигнали рақамӣ, фақат иттилоъоти кодшударо рамзгушоӣ мекунад ва мавҷҳои бегонаи вориди ҷараёншударо сирфан нодида мегирад. Дар натиҷа тасвиру садо бар рӯи телевизорҳои шумо бо кайфияти олӣ ва бе дахолати мавҷҳои бегона мерасад.

Дар мавриди масъалаи амниятӣ, бояд ишора кард, ки ҳатто агар касе ба интиқоли додаҳои рақамӣ пайваст шавад, рамзгушоии ин ҷараён ғайримумкин хоҳад буд. Барои ин кор лозим аст ки он шахс рамзи сигнали антенаи фиристандаро дошта бошад. Бинобар ин пахш рақамӣ бисёр коромадтар ва амнтар аз аналог аст. Бо ин ҳол бояд фаҳмид, ки барои дастёбӣ ба сигнали рақамӣ бо сифати боло, лозим аст ки антенаҳои интиқолии бештар бисозем.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (1 )