Барои дарёфти сигнали рақамӣ чӣ лозим аст?

Барои дарёфти сигнали рақамӣ чӣ лозим аст?

Барои дарёфти сигнали рақамӣ як антенае, ки дар маҳдудаи (диапозон) дитсиметрӣ қарор доард, лозим дорем. Ин антена, сигналҳои бо тули тобиши аз 10 то 100 сантиметрро дарёфт мекунад, ки мутобиқ ба маҳдудаи (диапозони) аз 0.3 то 3ГГц. (гигагерц) ҳаст. Дар ин маврид гирандаи (приёмник) телевизори аналог кор намекунад ва бинобар ин ба шумо лозим мегардад, ки антенаи мувофиқро харед.

Сигнали рақамии тавассути антена дарёфтшударо бояд қаблан рамзгушоӣ кард. Дар телевизорҳои ҳозиразамон барои ин манзур як тюнери телевизионӣ бо як иттисоли (разъём) берунӣ 2Т – DVB вуҷуд дорад. Дар сурати набудани он, як дастгоҳи муттавасит зарур аст. Барои ин ресивер ё декодери рақамӣ истифода мешавад.