Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” марҳилаи дуюми лоиҳаи гузариши Тоҷикистон ба пахши рақамии сигнали телевизионро оғоз кард.

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” марҳилаи дуюми лоиҳаи гузариши Тоҷикистон ба пахши рақамии сигнали телевизионро оғоз кард.

Ташкилоти Ҷамъиятии Хома бо дастгирии USAID ва Интернюс марҳилаи дуввуми лоиҳи гузариши Тоҷикистон ба формати рақамии мавҷи телевизионро оғоз намуд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи аз ҷониби USAID маблағгузоришаванда фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ ва инчунин огоҳ кардани аҳолии Тоҷикистон дар бораи зарурати гузариш ба ин намуд пахши мавҷи телевизионӣ мебошад.

Ҳадафаҳои ин лоиҳа бо вазифаҳои дар боло зикршуда маҳдуд нестанд. Илова бар ин, лоиҳаи ҷорӣ ба таҳияи стратегияҳои ташаккули шабакаи рақамӣ барои пахшкунандагони мустақили телевизионӣ ва инчунин васеъшавии мавқеи онҳо дар платформаҳои мухталиф мусоидат мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он Барномаи миллии гузариш ба пахши рақамии телевизион то ҳол амалӣ нашудааст. Тибқи маълумоти дастрас, дар Тоҷикистон танҳо 70% қаламрави кишвар бо сигнали рақамӣ фаро гирифта шудааст. Дар ҳамаи дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иҷрои чунин барнома ба анҷом расидааст. Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон комилан ба формати рақамии пахши мавҷи телевизионӣ гузаштанд.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи марҳилаи аввали ин лоиҳа аз 1 июл то 31 декабри соли 2019 амалӣ шуда буд. Дар ин давра, бо мақсади огоҳ сохтани аҳолии Тоҷикистон дар бораи зарурати гузариш ба ин тарзи пахши мавҷи телевизионӣ ва дар бораи татбиқи барномаи миллӣ, вебсайти sifra.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва ба истифода дода шуд.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )