Муҳокимаи натоиҷи назарпурсӣ оид ба фаъолияти котибони матбуотӣ

Муҳокимаи натоиҷи назарпурсӣ оид ба фаъолияти котибони матбуотӣ

11 сентябри соли 2020 дар маҷмааи давлатии Душанбе Плаза бо иштироки котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва рузноманигорон мизи гирд дар мавзӯи “Арзёбии натиҷаҳои нишастҳои матбуотӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва натиҷаи назарпурсӣ оид ба фаъолияти котибони матбуотӣ” доир гардид.

Ташкилоти Ҷамъиятии “Хома” бо мақсади муайян кардани сатҳи дастрасии хабарнигорон ба иттилоот, қобилияти касбии онҳо ва инчунин ҳавасмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар расонидани иттилоот ба ҷомеа таҳқиқот гузаронд. Бо ин ният дар нимсолаи якуми соли 2020 раванди 5 нишасти матбуотии сохторҳои муҳими давлатӣ: Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андоз таҳлил шуд.

Дар натиҷаи назарсанҷӣ ва арзёбӣ фаъолияти дафтарҳои матбуотӣ ва сатҳи касбии хабарнигорон майян гардиданд. Дар рафти мубоҳиса дастовард ва норасоиҳо дар кори журналистон ва дафтарҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ зикр гардида, барои беҳтар кардани ҳамкорӣ байни журналист ва котибони матбуотӣ тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Таъмини шаффофият дар фаъолияти вазорату идораҳо яке аз талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ мебошад. Маҳз ба хотири расидан ба ин ҳадаф ва таъмини ҳамкории мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва дастрасии хабарнигорон ба сарчашмаҳои расмии иттилоот дар Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 4 марти соли 2005, таҳти № АП-1677 Амр «Дар бораи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ» – ро имзо кард. Ин амри сарвари давлат аз ҷониби рӯзноманигорон ба хушнудӣ пазируфта шуда, дар рафъи мушкилоти иттилоотонӣ ҷомеа иқдоми созанда арзёбӣ гардид.

Арзёбиҳо дар доираи лоиҳаи “Тавсеаи ҳамкорӣ ва муколама байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешаванд.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )