Дар Тоҷикистон боз як шабакаи телевизионӣ роҳандозӣ мешавад

Дар Тоҷикистон боз як шабакаи телевизионӣ роҳандозӣ мешавад

Шабакаи нави маърифатии “Илм ва табиат” шабонарӯз бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барнома пахш хоҳад кард, хабар медиҳад “Ховар”.

Қарори дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 августи соли 2020 қабул гардид.

Дар сӯҳбат бо “Ховар” сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ Аҳлиддин Салихзода гуфт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алакай оиннома ва сохтори муассиса тасдиқ карда шудааст.

“Дар Оинномаи муассисаи” Илм ва табиат” гуфта шудааст, ки ин шабака шабонарӯз бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ барнома пахш хоҳад кард”, таъкид кард ӯ.

Бояд гуфт, ки идеяи таъсиси чунин як шабакаи телевизиониро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 марти соли 2020 дар мулоқот бо олимони кишвар пешниҳод карда буд. Сипас, Пешвои миллат ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки як шабакаи нави телевизиониро бо номи “Илм ва табиат” созмон диҳад.

Қайд карда мешавад, ки ҳадафи таъсиси ин шабака ошно кардани аҳолии кишвар бо дастовардҳои олимони ватанию хориҷӣ мебошад. Инчунин дар шабака барномаҳои ҷолиби телевизионӣ барои дӯстдорони илму табиат пахш хоҳад шуд.

Моҳи июли соли равон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Нуриддин Саид ба хабарнигорон гуфт, ки Кумита ду шабакаи телевизионии “Илм ва табиат”, “Туризм ва ҳунарҳои мардумӣ” -ро таъсис хоҳад дод.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )