Тоҷикистон барномаи давлатии рушди телевизион ва радиоро қабул кард

Тоҷикистон барномаи давлатии рушди телевизион ва радиоро қабул кард

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 30 июли соли 2020 «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» – ро ба тасвиб расонд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба директори Академияи ВАО-и ҶТ Зинатуллоҳ Исмоилзода хабар дод.

Номбурда қабули Барномаи нави рушди телевизион ва радиоро оғози марҳилаи нави равнақи соҳа арзёбӣ намудааст.

«Барномаи мазкур самтҳои асосиву афзалиятноки амалишавии сиёсати давлатиро дар соҳаи телевизион ва радио муайяну мушаххас намудааст. Афзалияти асосӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва муҳтавои маводи аудиовизуалӣ дода шуда, татбиқи технологияи муосир барои рушди соҳа шароит фароҳам меорад», таъкид мекунад  Зинатуллоҳ Исмоилзода.

Исмоилзода гуфт, ки барои таҳияи Барномаи давлатии рушди телевизион ва радиои ҶТ, як гурӯҳи корӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки ба он намояндагони каналҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои журналистӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил шуда буданд.

Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио аз 7 боб ва 23 зербахш иборат аст, ки дар онҳо ба такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон диққати махсус дода мешавад.

Ба андешаи директори Академия ВАО барои ноил шудан ба мақсадҳои асосии соҳа ва татбиқи онҳо, Барномаи давлатӣ андешидани чораҳои зеринро зарур мешуморад:

  1. Тавассути шабакаҳои телевизион ва радио фавран ба аҳолӣ расонидани иттилооти  дорои  аҳамияти ҷамъиятӣ ва пешгирии паҳн намудани маълумоти беасос ва иғвоангез. Вобаста ба аҳамияти муҳим доштани ин ҷанба ҳамзамон телевизион ва радиои маҳаллиро  тараққӣ додан зарур мебошад;
  2. Таҳияи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки дар фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радио тавозуни манфиатҳои давлат, ҷомеа ва афроди алоҳидаро таъмин менамоянд;
  3. Таҳия ва татбиқи сиёсати пахши барномаҳо аз ҷониби ҳар як шабакаи телевизион ва радиои давлатии ҷумҳуриявиву маҳаллӣ бо дарназардошти уҳдадориҳои оинномавӣ;
  4. Таҳия ва такмили воситаҳои эҷод ва афзоиши эътибор барои таъмини нуфузи иттилоотии мамлакат;
  5. Ташкили бунгоҳҳои хабарӣ дар хориҷи мамлакат;
  6. Муҳайё намудани шароит ва  густариши  пахши  доимии  барномаҳои телевизион ва радиои ватанӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ;
  7. Таҳия ва пахши доимии барномаҳое, ки ба ташаккул, рушд ва паҳн намудани арзишҳои маънавии ҷавобгӯ ба манфиат ва анъанаҳои фарҳангию таърихии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд;
  8. Тавассути  намоишу  гуфторҳои  гуногунжанр ва пурмӯҳтаво  баланд бардоштани савияи донишу  маърифат, сатҳи ҷаҳонбинӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарварӣ ва бунёдкорӣ;
  9. Роҳ  надодан  ба  таблиғи  зӯроварӣ  ва таҳаммулнопазирӣ тавассути шабакаҳои телевизион  ва   радиошунавонӣ, таъмини гуногунандешӣ,  дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, тамоюли шабакаҳои телевизион ва радиошунавонӣ ба принсипҳои бунёдии  сиёсати  давлатии иттилоотӣ;
  10. Муқовимат ва бартарафсозии ҳамла ва ғасби иттилоотию психологӣ, иттилотию фарҳангӣ ва амалҳои дигари таҳдидовар;
  11. Баланд бардоштани сифат ва  дараҷаи  рақобатпазирии  барномаҳои шабакаҳои миллии телевизион ва радио;
  12. Риояи қатъии меъёрҳои луғавии забони давлатӣ,  талқини  эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он;
  13. Таҳлил (мониторинг) ва натиҷагирии  мунтазами ҷараёни  татбиқи Барнома;
  14. Роҳ надодан ба намоиши филмҳое, ки зӯроварӣ, тундравӣ, таассуб, эҳсосоти инқирозӣ ва  зуҳуроти дигари ба  афкору фарҳанги  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегонаро таблиғ ва ба он даъват мекунанд, ба ҷудоиандозии ҷомеа аз рӯйи мансубияти миллӣ,  мазҳабӣ ё  аломатҳои дигар равона карда мешаванд.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )