Телевизиони рақамӣ дар Осиёи миёна: Қирғизистон
2 ноябри соли 2011 ҳукумати Қирғизистон барномаи гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизиониро ба тасвиб расонда, дар тули шаш сол ба пуррагӣ онро дар саросари кишвар пиёда сохт. 15 майи соли 2017 Қирғизистон эълом дошт, ки пахши аналогии мавҷи телевизионӣ дар саросари кишвар қатъ мегардад. Аз ин сана, кишвар пурра ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ гузашт.
Барои расидан ба ин ҳадаф, Қирғизистон 2,6 миллион доллари Амрико сарф намуд. Ин маблағ аз ҳисоби буджети давлат сарф нашудааст. Он аз ҳисоби иттиҳодия ҷумҳуриявии истеҳсолии магистралҳои релерадиоӣ, ки ширкати тобеъаи “Кыргызтелеком” мебошад, пардохт шудааст. Бар ивази ин, ширкат бедуни иштирок дар озмун, бепул соҳиби чаҳор мултиплекс шуд, ки аз он яктояш барои мултплекси иҷтимоъӣ ва боқимонда барои истифодаи тиҷоратӣ муаян гардидаанд.
Тибқи созишномаи «Женева-2006», Қирғизистон мебоист раванди рақамӣ гардонидани пахши мавҷи телевизиониро дар соли 2015 ба охир мерасонд. Аммо бо сабаби як сол аз муҳлати муаяншуда дер сар кардани корҳо, ин барнома танҳо соли 2017 ба пуррагӣ амалӣ шуд.
Раванди рақамӣ гардонидани пахши мавҷи телевизионӣ дар Қирғизистон, аз пиёда сохтани проекти озмоишии ҷорӣ намудани пахши заминии телевизиони рақамӣ дар вилояти Боткан шурӯъ шуд. Дар ин минтақа чандин марказҳои хидматрасонӣ, мағозаҳои фуруши декодорҳо кушода шуд. Дар доираи Барномаи Давлатӣ, ба аҳолии камбизоат декодерҳо ба таври ройгон тақсим карда шуд. Баъд аз ин, ҳукумати Қирғизистон бо дастгирии молии Иттхоҳоди Аврупо, барномаи рақамигардониро дар минтақаи дувуми озмоишӣ пиёда сохт.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои Қирғизӣ, маҷмуан дар қаламрави ҷумҳурӣ 54 фиристандаи рақамӣ насб шудааст. Феълан дар Қирғизистон, дар формати рақамӣ, ду мултиплекс – иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ ба кор шурӯъ кардаанд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Қирғизистон дар Осиёи Миёна пешсафи маъракаи гурзариш ба пахши рақамӣ мебошад.