Телевизиони рақамӣ дар Осиёи миёна: Қазоқистон
Ҳанӯз 18 августи соли 2006 бо мақсади дастгирии истеҳсолкунадаи маҳаллӣ фармони президенти Қазоқистон “Дар бораи консепсияи инкишофи рақобатпазирӣ дар фазои иттилоотонии Қазоқистон барои солҳои 2006 – 2009” ба тасвиб расид. Дар доираи ин барнома грантҳои давлатӣ ва эфир ҷудо гардид. Ҳамзамон Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон барномаи миллии инкишофи пахши рақамиро тарҳрезӣ карда, назорати иҷроиши он ба души гурӯҳи кории махсус вогузошта шуд. Инчунин барномаи нақшаи зина ба зина гузаштан ба пахши рақамиро таҳия намудааст.
Зинаи аввал солҳои 2009 – 2010 анҷом ёфта, пурра омода сохтани заминаи ҳуқуқӣ, тағйиру илова ба қонунгзорӣ буд. Дар Қазоқистон “Қонун дар бораи пахши рақамӣ” омодаву қабул гардида, стандартҳои миллӣ барои гузариш ба пахши рақамӣ ва пакети иҷтимоии барномаҳои телевизионӣ муайян шудааст.
Дар доираи барномаи гузариш ба пахши рақамӣ, дар Қазокистон пурра инфрасохтори ниҳодҳои техникӣ тағйир ёфта, сохтмони корхонаи истеҳсолкунандаи декодерҳо (set-top-box) роҳандозӣ шудааст. Аввалин маҳсулоти корхона соли 2012 ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Пахши рақамӣ дар Қазоқистон тибқи стандарти DVB-T2/MPEG-4 сурат мегирад. Тайи солҳои 2012 – 2016 ҶС “Казтелерадио” 356 маркази пахшро роҳандозӣ намуда, бо ин 74% аҳолии кишварро (11,8 млн. одам) бо пхши рақамӣ таъмин намуд. Моҳи августи соли 2019 дар Қазоқистон силсилаи иборат аз 827 стансияи бозпахшкунанда ба истифода супорида шуд, ки 95% қаламрави ин кишварро бо пахши рақамӣ пушиш медиҳад.
Дар шаҳрҳои Нур- Султон, Алмаати, инчунин марказҳои вилоятӣ, 30 шабакаи бепули телевизионӣ пахш мегардад. Ба рӯйхати шабакаҳое, ки пахшашон ҳатмӣ мебошад 15 шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла Qazaqstan, “Хабар”, Kazakh TV, “Астана”, СТВ ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Ширкатҳои телевизионие, ки барои пахши аналогӣ литсензия доранд ва бо воситаҳои техникии барои пахши рақамӣ зарур буда муҷаҳаз мебошанд, дар давраи аввал метавонанд барномаҳои хешро маҷонӣ пахш намоянд. То гузариши мукамал ба пахши рақамӣ, давлат хараҷотҳои онҳоро бар ӯҳдаи худ мегирад.
Қазоқистон ният дорад то соли 2021дар тамоми қаламрави худ, маъракаи гузариш ба пахши рақамиро ба анҷом расонад.