Дастур барои ҷустуҷӯйи барномаҳо дар телевизорҳои замонавӣ
Дар навбати аввал бояд муайян кунед, ки телевизори шумо стандарти DVB-T2 – ро дастгирӣ мекунад ё на.
Лозим ба ёдоварист, ки телевизорҳои баъд аз соли 2012 истеҳсол шуда, дар бисёр мавридҳо гирандаи рақамӣ ё декодор доранд. Телевизорҳои қадима дорои чунин стандарт нестанд.
Шумо метавонед аз навишта дар баданаи телевизор ё китоби роҳнамоии истифодаи он фаҳмед, ки телевизори шумо стандарти DVB-T2 – ро дастгирӣ мекунад ё на.
Агар телевизори шумо стандарти DVB-T2 – ро дастгирӣ кунад, шумо метавонед барномаҳои телевизиони рақамиро ба воситаи пулти телевизор ҷустуҷӯ кунед.
Аз рӯйи ин роҳнамоӣ қадам ба қадам амал кунед
Қадами 1. Сими барқи телевизори худро аз лонаи барқ канед. | |
Қадами 2. Кабели антенаро ба лонаи антенаи телевизори рақамиатон пайваст кунед. | |
Қадами 3. Сими барқи телевизори худро дубора ба барқ пайваст кунед. |
Қадами 4. Бо истифода аз пулти телевизор ба бахши “настройки” дароед, ба хати “регион” ё “страна” даромада ,Тоҷикистонро интихоб кунед.
Дар хати стандарти сигнали рақамӣ стандартҳои DVB -T ва DVB -T2 – ро интихоб карда, баъд ба “настройки каналов” ё “поиск каналов” дароед.
Қадами 5. Дар сафҳаи “настройка каналов” режими “автоматический поиск программ” ё “автонастройка” – ро интихоб намоед. Боқимонда корро телевизор худаш иҷро мекунад. Фақат дар охир тугмаи “сохранит” – ро зер карда, барномаҳои пайдошударо ҳифз намоед.
Баъд аз анҷоми ин корҳо, шумо метавонед роҳат нишаста, барномаҳои дилхоҳатонро тамошо кунед.