Таҷҳизоти рақамиро чӣ тавр  насб мекунанд?

Таҷҳизоти рақамиро чӣ тавр насб мекунанд?

Роҳнамоӣ барои пайваст кардани гирандаи рақамӣ ба телевизорҳои куҳна

1: Ҳангоми мустақилона пайваст кардани гирандаи рақамӣ, аввал телевизори худро аз назар гузаронида, маълум кунед, ки он чӣ гуна лонаҳои (нуқтаҳои) пайваст дорад. Гирандаи рақамиро аз даруни қуттияш бароварда, итминон пайдо кунед, ки ҳама симҳои пайвасткунӣ ва дигар таҷҳизоти лозима, дар ҷояш ҳастанд.

 2: Агар телевизори шумо куҳна буда, танҳо лонаи пайвастшавии антенаро дошта бошад, онро бо гирандаи рақамӣ бо кабели коаксеалӣ пайваст намоед. Кабели антенаро ба лонаи чапи гирандаи рақамӣ (агар аз пушти гиранда нигоҳ кунед) пайваст кунед. Агар телевизори шумо чанд лонаи пайвастшавӣ дошта бошад, роҳҳои гуногуни пайвасткунии гирандаи рақамиро барои шумо имконпазир мегардонад:

 

Роҳи1: лонаи пайвасткунии SKART – ин намуди пайвасткунӣ ҳич мушкилӣ надорад. Як нӯги вайро ба лонаи SKART – и гирандаи рақамӣ ва дигарашро ба лонаи SKART – и телевизоратон пайваст намоед.

ДИҚҚАТ! Ҳангоми пайвасткунии кабели лонаи SKART зур назанед. Агар он ба лонааш надаромад онро ба тарафи дигараш тоб диҳед ва озодона пайваст намоед.

 

Роҳи 2: лонаи пайвасткунии «Тюльпан»

Симҳои шакли «Тюльпан» аз рӯйи рангашон ба лонаҳои гирандаи рақамӣ ва телевизор пайваст мешаванд. Дар лонаи сафед сими сафед дар лонаҳои зард ва сурх симҳои зарду сурх пайваст мешаванд.

 

Роҳи 3: лонаи кабели HDMI

Агар телевизори шумо лонаи пайвастшавии кабели HDMI – ро дошта бошад, ин кори пайвасткунии гирандаи рақамӣ ба телевизори шуморо осон мегардонад ва кайфияти қабули сигнали телевизионро боло мебардорад. Барои ин шумо бояд як нӯги кабели  HDMI – ро ба гирандаи рақамӣ ва дигарашро ба телевизоратон пайваст намоед.

 

Нақшаи пайвасткунии кабелҳои «тюльпан» ва HDMI

Вақте, ки ҳамаи кабелҳои лозимаро ба гирандаи рақамӣ ва телевизоратон пайваст намудед, метавонед ба ҷустуҷӯйи барномаҳои телевизиони рақамӣ бипардозед. Барои ин аввал ба пулти гирандаи рақамӣ батареяҳояшро андозед. Телевизор ва гирандаи рақамиро ба қувваи барқ пайваст намоед ва аз рӯйи роҳнамоии зер амал кунед:

  1. Дар пулт тугмаи «Меню» – ро пйдо намуда, онро зер кунед
  2. Дар сафҳаи бозшуда бахши «Настройки» – ро интихоб намоед
  3. Дар бахши “регион” Тоҷикистонро интихоб намоед
  4. Стандарти сигнали рақамиро DTV-T2 ва ё дар сурати зарури стандартҳои DTV -T ва DTV -T2 интихоб кунед
  5. Баъд аз ин дар режими “поиск каналов”, режими «автоматический поиск каналов» – ро интихоб намуда, ОК зер кунед. Гирандаи рақамӣ ба таври автоматӣ худаш шабакаҳои телевизиони рақамиро пайдо мекунад. Баъд аз анҷоми «автоматический поиск каналов», тугмаи “сохранит” – ро зер карда, барномаҳои телевизиониро ҳифз кунед.

Акнун метавонед роҳат нишаста, барномаҳои дилхоҳи телевизиони рақамиро тамошо кунед.