Номгӯи таҷҳизот барои қабули мавҷи телевизиони рақамӣ, ки дар Душанбе фурӯхта мешавад

Номгӯи таҷҳизот барои қабули мавҷи телевизиони рақамӣ, ки дар Душанбе фурӯхта мешавад

Барои дарёфти сигнали қавии телевизионӣ бояд чанд таҷҳизотро бихаред.

1) Гиранда (ресивер ё ТВ-тюнер)

Ҳангоми харидани гирандаи рақамӣ ба он аҳамият диҳед, ки он ба стандарти DVB-Т барои телевизорҳои ҳозиразамон ва DVB-T2 барои телевизорҳои солҳои пеш, мувофиқ бошад.

2) кабели коаксиалӣ барои пайваст намудани ҳамагуна таҷҳизот ба телевизор. Ғафсии кабелро бо назардошти фосилаи байни антена ва телевизор интихоб кунед. Агар фосилаи он чандон зиёд набошад, кабели диаметраш 6мм кофӣ аст. Вале агар антенаи шумо дар саҳни ҳавлӣ ё болои боми хонаи баландошёна бошад, беҳтараш кабели диаметраш 7 мм – ро интихоб кунед.

3) антена барои телевизиони рақамӣ бояд диапазони ДМВ бошад. Агар хонаи шумо ба бурҷи телевизионӣ наздик бошад, шумо метавонед антенаи хонагӣ харед. Ин барои қабули сигнал кофӣ аст. Вале агар аз он дур бошад ва ё мавҷи телевизионӣ суст аст, антенаи берунаи дорои тақвиятдиҳанда (усилитель) харида, онро дар ҷойи баландӣ насб кунед.

Гиранда ё ресиверҳо барои дарёфти сигнали телевизиони рақамӣ

Таҷҳизоти барои дастрасӣ ба телевизиони рақамӣ лозим буда, ном ва истеҳсолкунандагони мухталиф дорад. Зимни харидани гирандаи сигнали рақамии телевизионӣ ба он диққат кунед, ки дар рӯйи қуттӣ ва худи дастгоҳ рамзи  DVB T ё DVB T2 чоп шуда бошад. Дар ғайри ин сурат, шумо наметавонед барномаҳои рақамиро дар дастгоҳи телевизиони худ тамошо кунед.

 

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )