Телевизиони рақамӣ чист?

Телевизиони рақамӣ чист?

Мухтасар дар бораи пахши сигнал

Телевизиони диҷитол ё рақамии заминӣ як формати пахши телевизионии ҷадид аст, ки имкон медиҳад як сигнали телевизиониро бо як сифати комилан нав ва бе дахолат (помеха), бо иттилооти изофӣ , масалан телетекст ва барномаҳои телевизионӣ, интиқол диҳад.

Телевизиони рақамии заминӣ аз дигар форматхои телевизиони рақамӣ бо роҳҳои мухталифи ироъаи (фиристодани) иттилоот ва сигнали воридӣ  фарқ мекунад.

Телевизиони заминӣ: Интиқоли сигнал ба воситаи пахшкунанда ва тавзеъи баъдии он бо истифода аз истгоҳҳои заминии такроркунанда (ретранслятор), сурат мегирад. Ҳар як бурҷ (вышка) пахши бастаҳои иборат аз 10 коноли телевизионӣ, ки дар як чандкора (мультиплекс) ҷамъ шудаандро, таъмин менамояд. Пахши барномаҳои телевизиони рақамӣ ба мисли пахши барномаҳои аналог сурат мегирад. Кофист, ки шумо танҳо як антена бихаред.

Барномаҳои телвизиони рақамии заминӣ ба таври ройгон, бе ситонидани ягон маблағ пахш мешаванд. Ва аммо аз нигоҳи фаннӣ, нақшаи пахши телевизиони рақамии заминӣ аз нақшаи пхши телевизиони аналог чанд фарқият дорад.

Пахши телевизиони аналог

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон пахши барномаҳои телевизионӣ ба тарзи аналог ва қисман рақамӣ сурат мегирад. Зимни истифодаи технологияи пхши аналогии мавҷи телевизионӣ, сигнал ба воситаи бурҷҳои телевизионӣ сурат гирифта, он тариқи антенае, ки ба телевизори шумо пайваст шудааст, қабул мегардад. Дар як мавҷ танҳо як шабака (канал) пахш мегардад.

Имрӯз ин технология куҳна шуда, ба ивази он дар тамоми дунё технология нав – технология пахши рақамии телевизионӣ ба саҳна мебарояд.

Пахши рақамӣ чи тавр сурат мегирад?

Сигнали рақамӣ низ тариқи бурҷҳои телевизионӣ пахш мегардад, вале бо фарқ аз сигнали аналог, дар як мавҷ мо метавонем чанд барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро қабул намоем. Сигнали рақамиро, ки аз бурҷи телвизионӣ пхш мегардад, антенае, ба теливизорҳои шумо насбшуда, қабул мекунад. Дар натиҷа, шумо дар як мавҷ на як, балки 10 барномаи телевизионӣ ё радиоиро бо сифати аъло дида ва шунавида метавонед.

TAGS