Чаро бояд ба пахши телевизиони рақамӣ гузарем?

Чаро бояд ба пахши телевизиони рақамӣ гузарем?

Дар Тоҷикистон, аксарияти мардум аҳамият ва моҳияти гузариш ба пахши рақамиро дуруст дарк намекунанд ва намефаҳманд, ки чаро бояд ба ин намуди пахши телевизионӣ гузашт ва онҳо аз ин гузариш чӣ суде ба даст меоранд.

Барои исботи мазоёи (фоидаи) телевизиони рақамӣ, зарур аст асли (принтсипи) пахши сигнали рақамӣ ва аналогии телевизиониро фаҳмонем.

Биёед аз сигнали аналог шурӯъ кунем. Лозим ба зикр аст, ки дар ҷараёни интиқоли ин гуна сигнал, таҳрифи (искажение) импулси аслии бурҷи телевизионӣ имконпазир аст. Дар натиҷа,  бар руи сафҳаи намоиши телевизори шумо як тасвире бо сифати заъиф намоён мешавад. Таҳрифи пулси аслӣ мумкин аст ба далели нуфузи мавҷҳои бегона рух диҳад. Ба унвони мисол, аз мавҷҳои бурҷи телефони мобилӣ.

Ҳамчунон, таҳрифи сигнали аналоги телевизионӣ (тасвири заъиф ва садо) мумкин аст ба далели ин воқеъият бошад, ки гирандаи телевизионии шумо ба наҳве боиси таҳрики импулси аслӣ аз бурҷи телевизионӣ хоҳад шуд. Ба иборати дигар, ҳатто агар аз бурҷи телевизионӣ як сигнали аналогии комил фиристода шавад, гирандаи телевизиони шумо онро каме таҳриф карда ва онро табдил мекунад, ва бар рӯи сафҳаи телвизион тасвир на ба он сифате, ки ҳангоми интқол дар назар гирифта шуда буд, пайдо мешавад. Як камбудии дигари пахши аналог он аст, ки вай монанди пахши рақамӣ ҳифозат надорад.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )