Раванди гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна
Қирғизистон: 2 ноябри соли 2011 ҳукумати Қирғизистон барномаи гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизиониро ба тасвиб расонда, дар тули шаш сол ба пуррагӣ онро дар саросари кишвар пиёда сохт. 15 майи соли 2017 Қирғизистон эълом дошт, ки пахши аналогии мавҷи телевизионӣ дар саросари кишвар қатъ мегардад. Аз ин сана, кишвар пурра ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ гузашт.
Барои расидан ба ин ҳадаф, Қирғизистон 2,6 миллион доллари Амрико сарф намуд. Ин маблағ аз ҳисоби буджети давлат сарф нашудааст. Он аз ҳисоби иттиҳодия ҷумҳуриявии истеҳсолии магистралҳои релерадиоӣ, ки ширкати тобеъаи “Кыргызтелеком” мебошад, пардохт шудааст. Бар ивази ин, ширкат бедуни иштирок дар озмун, бепул соҳиби чаҳор мултиплекс шуд, ки аз он яктояш барои мултплекси иҷтимоъӣ ва боқимонда барои истифодаи тиҷоратӣ муаян гардидаанд.
Тибқи созишномаи «Женева-2006», Қирғизистон мебоист раванди рақамӣ гардонидани пахши мавҷи телевизиониро дар соли 2015 ба охир мерасонд. Аммо бо сабаби як сол аз муҳлати муаяншуда дер сар кардани корҳо, ин барнома танҳо соли 2017 ба пуррагӣ амалӣ шуд.
Раванди рақамӣ гардонидани пахши мавҷи телевизионӣ дар Қирғизистон, аз пиёда сохтани проекти озмоишии ҷорӣ намудани пахши заминии телевизиони рақамӣ дар вилояти Боткан шурӯъ шуд. Дар ин минтақа чандин марказҳои хидматрасонӣ, мағозаҳои фуруши декодорҳо кушода шуд. Дар доираи Барномаи Давлатӣ, ба аҳолии камбизоат декодерҳо ба таври ройгон тақсим карда шуд. Баъд аз ин, ҳукумати Қирғизистон бо дастгирии молии Иттхоҳоди Аврупо, барномаи рақамигардониро дар минтақаи дувуми озмоишӣ пиёда сохт.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои Қирғизӣ, маҷмуан дар қаламрави ҷумҳурӣ 54 фиристандаи рақамӣ насб шудааст. Феълан дар Қирғизистон, дар формати рақамӣ, ду мултиплекс – иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ ба кор шурӯъ кардаанд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Қирғизистон дар Осиёи Миёна пешсафи маъракаи гурзариш ба пахши рақамӣ мебошад.
Узбекистан: Раванди рақамӣ гардонидани пахши мавҷи телевизионӣ дар Узбакистон соли 2007 шурӯъ шуда, соли 2008 дар ҷумҳурӣ якумин пахшкунандаи рақамӣ насб гардид. Дар ибтидои соли 2018, алакай тамоми инфрасохтори барои анҷоми пахши рлозимӣ лозима, омода гардида буд. Якумин шуда барномаҳои телевизиони аналогӣ дар шаҳри Тошканд қатъ шуданд ва пойтахти Узбакистон бо мавҷӣ рақамии телевизионӣ пӯшиш дода шуд. Соли 2019 бошад, пахши барномаҳои телевизиони аналогӣ дар тамоми қаламрави Узбакистон катъ гардид.
Тибқи додаҳои Вазорати инкишофи технологияҳои иттлоотӣ ва комуникатсияи Узбакистон, ин кишвар барои анҷом додани барномаи гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ, 100 миллион долари Амрико сарф намудааст. Ин маблағ асосан аз ҳисоби карзи Бонки инкишофи Ҷопон ба даст омадааст.
Узбакистон пахши рақамиро пурра бо кӯмак ва ҳамкории мутахассисони ҷопнӣ ба роҳ мондаанд. Ду минтақаи таҷрибавӣ, шаҳри Тошканд ва Бухоро, бо техникаи зарурӣ мҷаҳҳаз гардида кори он зери назорати мутахассисони ҷопонӣ қарор дошт. Маркази таълимоти техникӣ УзАСИ таҳти роҳбарии мутахассисони NEC аз Ҷопон барои кормандони техникии минтақаии таҷрибавии Тошканд аллакай 50 мутахассисро омода кардааст. Дар Бухоро кормандони ширкати “Роде Швартс” якҷо бо 30 мутахассиси узбак кори минтақаи таҷрибавиро ба роҳ мондаанд. Ҳукумати Узбакистон расман пурра омода шудани худро ба пахши рақамӣ дар соли 2015 эълон кардааст. Дар доираи барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ, Ҳукумати Узбакитсон барои ширкатҳои телевизиони ғайридавлатии навоҳии назди сарҳадӣ имтиёзҳои зиёд барои таҳия ва пахши барномаҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст.
Ҷорӣ намудани телевизиони рақамӣ дар Узбакистон, боиси пайдоиши шабакаҳои нави телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ гардид. Тайи панҷ соли ахир, дар ин кишвар 8 шабакаи телевизионии давлати ва 5 шабаки ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Қазоқистон:
Ҳанӯз 18 августи соли 2006 бо мақсади дастгирии истеҳсолкунадаи маҳаллӣ фармони президенти Қазоқистон “Дар бораи консепсияи инкишофи рақобатпазирӣ дар фазои иттилоотонии Қазоқистон барои солҳои 2006 – 2009” ба тасвиб расид. Дар доираи ин барнома грантҳои давлатӣ ва эфир ҷудо гардид. Ҳамзамон Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон барномаи миллии инкишофи пахши рақамиро тарҳрезӣ карда, назорати иҷроиши он ба души гурӯҳи кории махсус вогузошта шуд. Инчунин барномаи нақшаи зина ба зина гузаштан ба пахши рақамиро таҳия намудааст.
Зинаи аввал солҳои 2009 – 2010 анҷом ёфта, пурра омода сохтани заминаи ҳуқуқӣ, тағйиру илова ба қонунгзорӣ буд. Дар Қазоқистон “Қонун дар бораи пахши рақамӣ” омодаву қабул гардида, стандартҳои миллӣ барои гузариш ба пахши рақамӣ ва пакети иҷтимоии барномаҳои телевизионӣ муайян шудааст.
Дар доираи барномаи гузариш ба пахши рақамӣ, дар Қазокистон пурра инфрасохтори ниҳодҳои техникӣ тағйир ёфта, сохтмони корхонаи истеҳсолкунандаи декодерҳо (set-top-box) роҳандозӣ шудааст. Аввалин маҳсулоти корхона соли 2012 ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Пахши рақамӣ дар Қазоқистон тибқи стандарти DVB-T2/MPEG-4 сурат мегирад. Тайи солҳои 2012 – 2016 ҶС “Казтелерадио” 356 маркази пахшро роҳандозӣ намуда, бо ин 74% аҳолии кишварро (11,8 млн. одам) бо пхши рақамӣ таъмин намуд. Моҳи августи соли 2019 дар Қазоқистон силсилаи иборат аз 827 стансияи бозпахшкунанда ба истифода супорида шуд, ки 95% қаламрави ин кишварро бо пахши рақамӣ пушиш медиҳад.
Дар шаҳрҳои Нур- Султон, Алмаати, инчунин марказҳои вилоятӣ, 30 шабакаи бепули телевизионӣ пахш мегардад. Ба рӯйхати шабакаҳое, ки пахшашон ҳатмӣ мебошад 15 шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла Qazaqstan, “Хабар”, Kazakh TV, “Астана”, СТВ ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Ширкатҳои телевизионие, ки барои пахши аналогӣ литсензия доранд ва бо воситаҳои техникии барои пахши рақамӣ зарур буда муҷаҳаз мебошанд, дар давраи аввал метавонанд барномаҳои хешро маҷонӣ пахш намоянд. То гузариши мукамал ба пахши рақамӣ, давлат хараҷотҳои онҳоро бар ӯҳдаи худ мегирад.
Қазоқистон ният дорад то соли 2021дар тамоми қаламрави худ, маъракаи гузариш ба пахши рақамиро ба анҷом расонад.
Тоҷикистон:
Албата дар Тоҷикистон низ чанд санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ниҳодҳои масъул ба ҳукумати кишвар пешниҳод гардидаанд. 1 октябри соли 2009 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ” қабул гардид. Муаллифони ин консепсия ҳанӯз дар унвони ин ҳӯҷҷат ба иштибоҳ роҳ додаанд, зери ин мафҳум кушиши гузаштан ба пахши рақамӣ ба тасвиб расидааст.
Бояд гуфт, ки гузариш ба пахши рақамӣ хеле фарохтар аз онест, ки дар ин ҳӯҷҷат дарҷ ёфтааст. Мӯҳлати охири гузариш ба пахши рақамӣ соли 2016 муайян гардида буд, ва тибқи созишномаи GE-06 Тоҷикистон вазифадор буд тамоми фиристандаҳои радиомавҷҳои аналогиро то 17 июни соли 2015 хомӯш кунад.
Барномаи давлатии “Инкишофи телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” бошад, танҳо чанд нуқоти техникиро дар бар мегираду халос. Масъалаҳои асосие мисли аз куҷо ва чӣ тавр дастрас гардидани декодерҳо, дар асоси кадом сандау қонунҳо ба роҳ мондани муносибатҳои нави ҳуқуқӣ, бо чи пур кардани мултиплексҳо, чӣ тавр ба роҳ мондани реклама, шаклгирии пакети ҳатмии иҷтимоӣ барои аҳолӣ, ва инчунин сарнавишти телевизионҳои мустақилу кабелӣ, радиои ватанӣ, номуайян мондаанд. Ҳол он ки имрӯз аллакай 300миллион одам дар кишварҳои ба пахши рақамӣ гузашта, радиои рақамиро гӯш мекунанд.
Албатта мавзӯи пахши рақамӣ дар Тоҷикистон мавзӯи нав, наомухта ва бозори ватанӣ ба он нотайёр аст ва маҳз барои ҳамин ҳам бояд дар татбиқи он хеле ҷиддиву касбӣ рафтор кард. Месазад, ки барномаи мукаммали миллиро бо ҷалби тамоми ниҳодҳои ба ин ҷараён алоқаманд созмон дод, ки чанд бахши алоҳида дар доираи он фаъолият кунанд, яке бахши ҳуқуқӣ, дигаре бахши техникӣ ва саввум бахши истеҳсолот (контент).
Барои оғоз ба қонуну санади зерин «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» «Дар бораи алоқаи электронӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба намӯдҳои алоҳидаи фаъолият», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда» ва ғайра тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Ҷараёни гузариш маблағ, неру ва ҳисси баланди ватанхоҳиро талаб мекунад ва танҳо омӯзиши хеле дақиқи тамоми омилҳо метавонад роҳи дурусти пешбурди масъаларо ба миён орад.
Аксари кишварҳои муттарақӣ низ барои татбиқи лоиҳаи глобалӣ, аз сармояи дохиливу беруна истифода кардаанд, Тоҷикистонро низ месазад, ки ин мавзӯро пайгирӣ намояд, зеро пахши рақамӣ аз фаъолияти даигари телекоммуникатсионӣ бештар заҳмату маблағ мехоҳад.
Тибқи додаҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Дар Тоҷикистон 8 шабакаи умумимллии давлатӣ, 26 шабакаи минтақавӣ ва 27 студияҳои мустақил фаъолият доранд. Дар формати рақамӣ “Телерадиоком” 8 шабакаи умумимллии давлатӣ, 5 шабакаи минтақавии тоҷикӣ ва 6 шабакаи хориҷӣ пахш мекунад. Тибқи фармони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ширкати “Телерадиоком” мултиплекси аввалро сохт. Ба он ду ширкати мустақили телевизионӣ, ки дар шимоли кишвар фаъолият мекунанд, дохил шуданд. Ин ширкатҳои “СМ-1” ва ТРК “Азия” мебошанд. Ин шабакаҳо дар чорчуби лоиҳаи таҷрибавӣ барои ним сол ба мултиплекс бе пӯл дохил карда шуда буданд. Барои дар оянда аз мултиплекс набаромадан, онҳо бояд имкониятҳои молии худро беҳтар кунанд, чун дар акси ҳол, маҷбур мешаванд аз мултиплекс хориҷ шаванд.
Коршиносони соҳа бар ин ақидаанд, ки ин ду ширкати телевизионии мустақил маҳол аст, ки пӯли лозимаро пайдо кунанд, ва бо эҳтимоли зиёд, онҳоро аз мултиплекс берун мекунанд.
Пахши мавҷи телевизионӣ дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 шурӯъ шуд. Он замон дар фазои Тоҷикистон танҳо мавҷи як шабакаи телевизионӣ пахш мешуд. Бо даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ин вазъ ба куллӣ тағӣир ёфт. Тибқи додаҳои расмӣ, акнун дар Тоҷикистон 34 шабакаи телевизионӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо: 8 шабака умумиҷумҳуриявӣ, 2 шабакаи телевизионии пойтахти Ҷумҳурӣ, ва 24 шабака минтақавӣ мебошанд.