Телевизори муосири рақамиро чӣ тавр бояд интихоб кунем?

Телевизори муосири рақамиро чӣ тавр бояд интихоб кунем?

Агар шумо имконияти харидани телевизори нави рақамӣ дошта бошед, пас саросема нашавед. Тавсияҳои моро бодиққат хонед, ҳама тарафҳои мусбат ва манфиро санҷед ва танҳо пас аз он тасмим гиред, ки кадом телевизорро харед. Мо ба шумо як хариди мваффақ ва тамошои гуворо орзу мекунем.

Андозаи телевизор аҳамият дорад!

Андозаи дастгоҳи телевизионие, ки шумо хариданӣ ҳастед, аз он ҷое, ки шумо онро насб кардан мехоҳед ва албатта аз андозаи маблағи ҳамёни шумо вобаста хоҳад буд. Агар ин меҳмонхона бошад, пас телевизорро бо диагонали калон гузоштан мувофиқи мақсад аст ва агар он хонаи хоб ё ошхона бошад, шумо метавонед дастгоҳи хурдтар насб кунед. Телевизорҳои муосир бо диагонали аз 20 то 98 дюйм мебошанд.

Ҳангоми интихоби телевизор, инчунин ба вузӯҳи (разрешение экрана) сафҳаи он диққат додан муҳим аст.

Имрӯзҳо дар бозор чор намуд мавҷуд аст:

HD (1366 x 768) асоси пахши телевизиони рақамӣ мебошад. Бештар дар телевизорҳои нисбатан арзони бо диагонали то 30 дюйм истифода мешавад;

FHD (1920 x 1080) – Формат маҳв бо сифати хуби тасвир ва муҳтавои зиёд зиёд;

UHD (4K, 3840 x 2160) – дорори тасвири беҳтар ва остонаи ҳадди ақали вуруд дорад. Агар истифодаи вузӯҳи(FHD ва UHD) дар телевизорҳои диагоналиашон то 45 дюйм, то ҳол баробар бошад, пас аз 50 дюйм сар карда, вузуҳи 4K ҳукмрон аст;

8K UHD (8K, 7680 × 4320) мувофиқ ба корбарони кордон ва серталаб аст. Феълан муҳтаво (контент) надорад. Гарчанде ки 8K-телевизорҳо метавонанд тасвирро аз назари барномарезӣ то 4320p миқёсбандӣ кунанд, маълум нест, ки оё ин бозӣ арзиши сарфи ин миқдор пулро дорад ё не.

Ҳар қадаре ки вузӯҳи тасвир болотар бошад, андозаи пиксел ҳамон қадар хурдтар хоҳад шуд ва тасвир бо чӯзъиёти бештаре ироъа мешавад ва бинобар ин мо дар фосилаи камтаре тасвири бо сифати боло ва бе дона мебинем.

Диагонал ва вузӯҳи сафҳаи телевизион

Дар бозори телевизиони маҳаллӣ ба муштариён телевизорҳои рақамии муосир бо диагонали аз 20 то 98 дюйм пешниҳод карда мешаванд. Интихоби диагонал на танҳо аз имкониятҳои молиявии шумо, балки аз масофаи тамошои телевизор низ вобаста аст.

Дар баробари диагоналӣ, вузӯҳи экрани телевизион низ нақши муҳим дорад. Агар чанд сол пеш телевизорҳои HD стандарти сифати тасвир ҳисоб мешуд, имрӯз алакай ин формат кӯҳна шудааст. Дар Тоҷикистон ба шумо чор намуди вузуӯҳи сафҳаи телевизионро, ки мо дар боло ишора кардем, пешниҳод кардан метавонанд.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )