Телевизиони рақамӣ дар Осиёи миёна: Узбекистон

Телевизиони рақамӣ дар Осиёи миёна: Узбекистон

Раванди рақамӣ гардонидани пахши мавҷи телевизионӣ дар Узбекистон соли 2007 шурӯъ шуда, соли 2008 дар ҷумҳурӣ якумин пахшкунандаи рақамӣ насб гардид. Дар ибтидои соли 2018, алакай тамоми инфрасохтори барои анҷоми пахш лозима омода гардида буд. Якумин шуда барномаҳои телевизиони аналогӣ дар шаҳри Тошканд қатъ шуданд ва пойтахти Узбекистон бо мавҷӣ рақамии телевизионӣ пӯшиш дода шуд.  Соли 2019 бошад, пахши барномаҳои телевизиони аналогӣ дар тамоми қаламрави Узбекистон катъ гардид.

Тибқи додаҳои Вазорати инкишофи технологияҳои иттлоотӣ ва комуникатсияи Узбекистон, ин кишвар барои анҷом додани барномаи гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ, 100 миллион долари Амрико сарф намудааст. Ин маблағ асосан аз ҳисоби карзи Бонки инкишофи Ҷопон ба даст омадааст.

Узбекистон пахши рақамиро пурра бо кӯмак ва ҳамкории мутахассисони ҷопнӣ ба роҳ мондааст. Ду минтақаи таҷрибавӣ, шаҳри Тошканд ва Бухоро, бо техникаи зарурӣ мҷаҳҳаз гардида, кори он зери назорати мутахассисони ҷопонӣ қарор дошт. Маркази таълимоти техникӣ УзАСИ таҳти роҳбарии мутахассисони  NEC аз Ҷопон барои кормандони техникии минтақаии таҷрибавии Тошканд аллакай 50 мутахассисро омода кардааст. Дар Бухоро кормандони ширкати “Роде Швартс” якҷо бо 30 мутахассиси узбак кори минтақаи таҷрибавиро ба роҳ мондаанд. Ҳукумати Узбекистон расман пурра омода шудани худро ба пахши рақамӣ дар соли 2015 эълон карда буд. Дар доираи барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ, Ҳукумати Узбекитсон барои ширкатҳои телевизиони ғайридавлатии навоҳии назди сарҳадӣ имтиёзҳои зиёд барои таҳия ва пахши барномаҳо дода, кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст.

Ҷорӣ намудани телевизиони рақамӣ дар Узбекистон, боиси пайдоиши шабакаҳои нави телевизионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ гардид. Тайи панҷ соли ахир, дар ин кишвар 8 шабакаи телевизионии давлати ва 5 шабаки ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )