Мавҷи телевизионии рақамӣ танҳо 65% қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад
Пахши мавҷи телевизиони рақамӣ дар 65% қаламрави Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба сомонаи sifra.tj роҳбари шуъбаи РТПАЦ ОАО «Телерадиком» Саъдулло Сафаров хабар дод.
« Раванди гузариш ба пахши заминии сигнали рақамии телевизионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи муқарраршуда мегузарад ва дар замони муайяншуда ба анҷом мерасад. Имрӯз 65% қаламрави Тоҷикистон таҳти пӯшиши мавҷи телевизионии рақамӣ қарор дорад”, – афзуд С. Сафаров.
Вай инчунин зикр кард, ки баробари таъмин намудани пӯшиши рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, фиристандаҳои куҳнаи аналогӣ аз истифода хориҷ мегарданд. Бино бар гуфтаи Сафаров, феълан 73% қаламрави шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, таҳити пӯшиши пахши рақамии мавҷи телевизионӣ, қарор гирифтаанд.
Тибқи созишномаи GE-06 мамлакатҳои узви он уҳдадорӣ гирифтанд, ки 17 июни соли 2015 тамоми мавҷпахшкунандаҳои аналогиро баста, пурра ба пахши digital ё худ рақамӣ гузаранд. Ба таври истисно, дар созишнома барои баъзе аз мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мухлати охирини гузариш ба пахши ракамӣ, 17 июни соли 2020 муайян гардид.