Машварат ва тавсияҳо
Зимни харидани гирандаи сигнали рақамии телевизионӣ ба он диққат кунед, ки дар рӯйи қуттӣ ва худи дастгоҳ рамзи DVB T ё DVB T2 чоп шуда бошад. Дар ғайри ин сурат, шумо наметавонед барномаҳои рақамиро дар дастгоҳи телевизиони худ тамошо кунед.
Ҳангоми ҷустуҷӯйи каналҳои телевизиони рақамӣ ба сатҳи сигнал аҳамият диҳед. Сифати сигнали телевизионӣ бояд на камтар аз 30% бошад. Дар сурати аз 30% кам будани сифати сигнали телевизионӣ, теъдоди барномаҳои пайдошуда кам мешаванд ва ё аслан пайдо намешаванд.
Агра гирандаи рақамии шумо лонаи пайвастшавии кабели HDMI -ро дошта бошад, ин на танҳо пайвасткунии гирандаро ба телевизор осон мегардонад, балки барномаҳои телевизиониро бо тасвир ва садои олӣ ба шумо мерасонад.
Агар шумо хоҳед лаҳзаҳои беҳтарини футбол ё дигар барномаи дилхоҳро сабт намуда, баъдан онро тамошо кунед, пас шумо бояд гирандаи рақамии (декодер ё ресивер) дорои диски HDD -ро харед. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки барномаи дилхоҳатонро дар вақти ба шумо муносиб тамошо кунед.
Гирандаи рақамие, ки лонаи пайвасткунии USB дорад, барои шумо икониятҳои иловагиро фароҳам меоварад ва технология TimeShift бошад имкон медиҳад, ки шумо пахши барномаи дилхоҳатонро ба таваққуФ гузошта, баъди анчҷоми корҳоятон, дубора онро тамошо кунед.