Дар роҳи гузариш ба телевизиони рақамӣ

Дар роҳи гузариш ба телевизиони рақамӣ

Гузариши Тоҷикистон ба пахши рақамии сигнали телевизионӣ яке аз равандҳои тӯлонитарини татбиқи лоиҳа пас аз бунёди НБО Роғун гардид. Дар тӯли даҳ сол, Тоҷикистон натавонист барномаи гузариш ба пахши рақамиро пурра ба анҷом расонад.

Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015 таҳия шудааст. Мутобиқан, тамоми ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ дар ҷумҳурӣ бояд соли 2015 ба анҷом расонида мешуд. Аммо, аз сабаби норасоии маблағ, набудани таҷҳизоти зарурӣ, релефи мушкил (кӯҳҳо 93% қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳанд), ин раванд то соли 2020 мавқуф гузошта шуд.

Бояд зикр кард, ки имрӯз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он Барномаи миллии гузариш ба пахши рақамии сигнали телевизионӣ то ҳол амалӣ нашудааст. Дар ҳамаи дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чунин барномаҳо алакай амалӣ шудаанд. Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон пурра ба формати рақамии пахши мавҷи телевизионӣ гузаштанд. Тибқи маълумоти кушода, дар Тоҷикистон танҳо 70% қаламрави кишвар бо сигнали рақамӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳангоми амалисозии барномаи рушди телевизиони рақамӣ, масалан, дар фароҳам овардани муҳити мусоид барои гузариш ба пахши мавҷи рақамии телевизионӣ ва инчунин иттилоъ додани аҳолии Тоҷикистон дар бораи зарурати гузариш ба ин формат, ба Тоҷикистон ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ кӯмак мерасонанд.

Ташкилоти Ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии USAID ва Интернюс аз моҳи июли соли 2019 дар Тоҷикистон як лоиҳаро дар самти гузариши ҷумҳурӣ ба формати рақамӣ иҷро мекунад. Ҳадафи асосии лоиҳа фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба пахши рақамии телевизионӣ ва инчунин огоҳ кардани аҳолии Тоҷикистон дар бораи зарурати гузариш ба ин формат мебошад. Бо ин мақсад, вебсайти sifra.tj таҳия ва ба истифода дода шуд.

Дар ин сайт шумо метавонед маълумотҳои гуногуни марбут ба пахши рақамӣ, аз ҷумла тавсияҳо оид ба хариди таҷҳизот барои қабули мавҷи рақамии заминӣ, инчунин дастурҳои насби қабулкунакҳо, ҷустуҷӯи каналҳо ва ғайраро пайдо кунед. Ҳама маълумот бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.

Пахши телевизион дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 оғоз ёфт. Он гоҳ дар фазои Тоҷикистон мавҷи ягона студияи телевизионӣ пахш мегардид. Бо ба даст овардани истиқлолият вазъ дигар шуд, ҳоло тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон 34 ширкати телевизионӣ сабти ном шудаанд.

COMMENTS

Wordpress (0)
Disqus (0 )