Россия охирин марҳилаи рақамикунонии телевизионро паси сар кард
Марҳилаи охирини гузариш ба пахши мавҷи рақамии телевизионӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия 14 октябри соли 2019 шурӯъ шуд. Тибқи гузориши расонаҳои маҳалӣ, ин марҳилаи чаҳорум ва охирини гузариш ба пахши рақамии барномаҳои телевизионӣ буда, 21 вилояти ин кишварро дар бар мегирад.
“ Мо алкай се аз чаҳор марҳиларо пушти сар гузоштем ва аз 13 ҳазор фиристандаи анологӣ, 10 ҳазорашро аз истифода баровардем. Дар 64 вилояти кишвар шабакаҳои телевизиони марказӣ танҳо дар формати рақамӣ пахш мешаванд. Танҳо 21 вилояти дигар монда буд, ки дар онҳо 14 октябр марҳилаи гузариш ба пахши рақамии мавҷи телевизионӣ ба охир мерасад”, -гуфт ба хабарнигорон Раиси Кулли Корхонаи воҳиди давлатии федеролӣ “Российская телевизионная и радиовещательная сеть” (РТРС) Андрей Романченко.
Вай таъкид кард, ки даҳ сол қабл аз ин, танҳо 44% сокинони Россия имкон доштанд, ки чаҳор шабаки телевизиониро бинанд, ва барои 27% аҳолӣ танҳо барномаҳои 1 ё 2 шабака дастрас буд. Ба гуфтаи Романченко, акнун 100% сокинони Федератсияи Россия метавонанд барономаҳои 20 шабакаи телевизиониро бинанд, ки аз он 98,4% тариқи пхши заминӣ дастрас мегардад ва боқимонда ба воситаи моҳвора.