Дар хона мемонему ба духтурон кумак мекунем
Яке аз чораҳои муассири мубориза бо паҳншавии коронавируси COVID-19 ин хонашинӣ ё карантин мебошад. Дар ин рӯзҳои вазнин барои ҳамаи мо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла шустани даст, нигаҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва ихтиёр кардани режими хонашинӣ бисёр муҳим аст. Дар хона мондани мо, яке аз чораҳои муассири пешгирии паҳншавии вирус шуда, ба омори афзоиши шумораи сироятшудагон низ таъсир мерасонад. Яъне вақте ки мо дар хона мемонем, шумораи шахсони сироятшуда кам мешавад, кам ки шуд дар беморхонаҳо низ мубталои вируси COVID-19 кам оварда мешавад. Ин, дар навбати худ, бори вазнини табибонро кам мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки барои табобати беморон вақти бештар сарф кунанд. Дар маҷмӯъ ин ҳама ба он мерасонад, ки кори оддии беморхонаҳо дубора барқарор мешавад ва ёрии тиббӣ саривақт пешниҳод карда мешавад.
Мо дар хона монда, ба духтурон дар мубориза бо коронавируси COVID-19 кӯмак мерасонем.